(САДО) Қодирӣ: Аз Суғд 110 нафар дар Сурия ҳастанд
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд имрӯз, 9 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд теъдоди сокинони вилоятро, ки дар ҷангҳои Сурия ҳастанд, беш аз 100 нафар гуфт.
Ӯ гуфт, ҳарчанд тибқи маълумоти расмӣ аз қаламрави вилоят 50 нафар дар Сурия қарор доранд, аммо “дар асл 110 нафаранд, ки бархеашон бо ҳамроҳии оилаашон рафтаанд”.
Раиси вилоят афзуд, аз ҳама бештар – 62 нафар аз шаҳри Исфара ба ин кишвари арабӣ рафтаанд. Бино ба гуфтаи ӯ аз ноҳияи Спитамен 13 нафар, Конибодом - 12, Ҷаббор Расулов - 11, Панҷакент - 10, Чкалову Бобоҷон Ғафуров 7 нафарӣ, Зафаробод - 6, Ашт – 3 ва Истаравшан – 1 нафар ва ҷамъ 110 нафаранд: “Чаро? Шумо ба худ суол кунед ва ман ин ҷо ҳамаи гапҳоро гуфта наметавонам”.
Ҷаноби Қодирӣ мегӯяд, бештари ин афрод тавассути Русия ба Сурия рафтаанд: “Аввал муҳоҷирати меҳнатӣ, баъд бо ҳамон чечену қафқозҳо гуфтугузор, “вербовка” ва ана баъд мераванд. Баъди рафтан оилаву фарзандонашонро даъват мекунанд”.