Баррасии татбиқи тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Эрон
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ рӯзи 9 июл баргузор шудааст.
Дар мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рафти татбиқи тарҳҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистон ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар дар арсаҳои мухталифро баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ табодули назар сурат гирифтааст.