Марди 36-сола дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 36-солаи ноҳияи Фархор итилоъ дод, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ боздоштшуда соати 12:30 дақиқаи 9-уми июл дар пайи муноқишаи оилавӣ синаи ҳамсари 30-солаашро бо корди хоҷагидорӣ чок кардааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, тафтиши парванда алайҳи шавҳар идома дорад.