Ҳалокати як зан дар пайи ноуҳдабароии ронандаи 21-сола
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе – Ҳисор як нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар захм бардоштаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса рӯзи 10 июл дар роҳи Душанбе – Ҳисор, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи 21-солаи автомашинаи “Опел-Астра” аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба бетони оҳанини канори роҳ бархӯрдааст: “Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофирони “Опел-Астра”: ду мард ва як зани 42-сола, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ҳисоранд, бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд, аммо зан пас аз чанд лаҳзаи бистарӣ ба ҳалокат расидааст”.