баргард чоп кардан

Мусодираи 10 кг маводи нашъадор дар ҷануби Тоҷикистон

Ҳудуди беш аз 10 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шаҳрвандон Саидакбар Пирови 37-сола ва Давлаталӣ Муродови 46-сола, ки ҳар ду пеш доғи судӣ доштанд, боздошт гардиданд. Аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи онҳо 2 кг 820 грамм ҳашиш ва 7 кг 200 грамм бангдона забту мусодира шуд. Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтиши қазия идома дорад.