баргард чоп кардан

АКС: Тағйироти кадрӣ дар Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16-уми июл як гуруҳ кадрҳои навро ба мақом дар Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии кишвар пешниҳод кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Фатҳуддин Вайсиддин бинобар сабаби ба анҷом расидани мӯҳлати ваколаташ аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, номзадии Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон, ки то ин муддат дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ фаъолият дошт, ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид: “ Ҳамчунин, номзадии Наимзода Марҳабо Наим, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош, Ғуломов Сафарбег Саломович, Маҳмадшарофӣ Дилбар, Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд”.

Дафтари матбуот мегӯяд, пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора барои тасвиб ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки бо фармонҳои президент, Наимзода Марҳабо Наим аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Кенҷазода Муҳамадҷалолиддини Тош аз вазифаи муовини якуми Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ғуломов Сафарбег Саломович аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Маҳмадшарофӣ Дилбар аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд: “Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон- Бобокалонова Қутфинисо Маҳмудовна, судяи суди шаҳри Душанбе- Қурбонова Моҳбӣ Давлятовна, Раиси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд- Атоӣ Саодат Иброҳим ва Олимзода Хосият Ато аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҳисор бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод карда шуданд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур инчунин иттилоъ дод, ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид: “Президенти мамлакат кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъиншударо ба хизмати софдилона, бо дарки баланди масъулият ва дасту виҷдони пок амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд. Зимни сӯҳбати самимӣ Сардори давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодгардида, ки ҷавону соҳибтаҷрибаанд, дар таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даъват намуданд.”.


АКС: Тағйироти кадрӣ дар Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва...

АКС: Тағйироти кадрӣ дар Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва...

АКС: Тағйироти кадрӣ дар Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва...

АКС: Тағйироти кадрӣ дар Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва...