Мақоми нави полковник Давлатзода дар Бадахшон
Полковник Давлатзода Шералӣ, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сардори нави Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент дар вилояти Бадахшон таъин гардид.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, таъини Давлатзода дар муовифиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистн бо фармоиши генерал Рустам Назаров, директори Агентӣ сурат гирифтаст: “Давлатзода дар ин мақом Ҳайдарзода Муртазоро иваз намудааст, ки феълан муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар таъин шудааст”.
Ба иттилои манбаъ Давлатзода Шералӣ полковники хизмати назорати маводи нашъаовар соли 1967 таваллуд шуда, солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Номбурда соли 1989 хизматро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намуда, дар ҷузъу томҳои оперативӣ хизмат кардааст. Бино ба иттилои Агентӣ, Давлатзода Шералӣ соли 1999 Мактаби олии милитсияи ВКД-и Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 2000 то ба имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Агентӣ дар ВМКБ хизмат намудааст.