баргард чоп кардан

Бохти бузург: Даргузашти Ислом Маҳмадшоев дар синни 35-солагӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз даргузашти Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи кишвар хабар дода, онро бохти бузург барои футболи тоҷик хондааст.

Ба иттилои манбаъ Маҳмадшоев, имрӯз, 23-юми июл бар асари бемории вазнин дар синни 35-солагӣ даргузашт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо баёни ҳамдардӣ зикр кардааст, ки Ислом Иззатуллоевич Маҳмадшоев 1-уми майи соли 1980 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, солҳои 1997-1999 дар артиши Тоҷикистон хизмат кардааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорат буда, аз соли 2004 дар сохтори ФФТ ба ҳайси мутахассиси бахши байналмилалӣ ба кор оғоз мекунад: “Аз соли 2009 ҳамчун ёвари дибари кулли ФФТ, аз соли 2012 ҳамчун раҳбари шуъбаи байналмилалӣ ва аз 2-юми июли соли 2013 ба ҳайси дабири кулли ФФТ кор кардааст. Ӯ аз худ се духтару як писар боқӣ гузоштаааст”.

Ҳайати “Озодагон” дар робита ба даргузашти Ислом Маҳмадшоев ба наздиконаш изҳори ҳамдардӣ карда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хоҳон аст.