Мусодираи беш аз 7 кило ҳероин аз дохили “Тойота-Прадо”
Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ду амалиёт беш аз 25 кило маводи мухаддир мусодира кардааст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони агентӣ дар ноҳияи Шаҳристон мошини тамғаи “Тойота-Прадо”-ро нигоҳ дошта, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили чархи эҳтиётии он 7 бастаро пайдо кардаанд: “Муайян карда шуд, ки дохили ин бастаҳо ҳероин буда, ҳаҷми умумии он 7 килову 116 граммро ташкил медиҳад”.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, ронандаи 53-солаи “Тойота-Прадо” сокини Душанбе буда, қасд доштааст ин миқдор маводи нашъадорро берун аз марзи кишвар интиқол бидиҳад: “Феълан, барои муайян ва дастгир намудани дигар аъзои ин гуруҳи ҷиноӣ чораҳо андешида шудааст”.
Манбаъ меафзояд, дар амалиёти дигар кормандони агентӣ дар дар шаҳри Душанбе сокини 39-солаи пойтахтро бозошт кардаанд: “Аз дохили сумкаи варзишии ӯ дар бастаҳо 18 килову 130 грамм ҳашиш ёфт шуд”.