Пулис дар худкушии зани 22-сола шавҳарашро айбдор мекунад
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар худкушии ҷавонзани 22-сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шавҳарашро айбдор мекунанд.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” баъди қариб ду моҳи худкушӣ маъмурини пулис рӯзи 23-юми июл шавҳари 25солаи он ҷавонзанро боздошт карданд: “Шавҳар дар он айбдор мешавад, ки нисбати ҳамсараш муомилаи бераҳмона намуда, шаъну шарафашро дар назди аҳли оилааш паст зада, таҳдиду зӯроварӣ намудааст. Дар натиҷа ҳамсараш санаи 28-уми майи соли равон дар болои боми хонаи истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст”.
Манбаъ мегӯяд, Прокуратураи ноҳияи Ҷ.Расулов мутобиқи моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон алайҳи боздоштшудаи парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки тафтишоти он идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки 28-уми май дар Суғд дар баробари худкушии ин ҷавонзан ду ҳолати дигари худовезии сокинон ба қайд гирифта шудааст: «Аз ҷумла тақрибан соатҳои 9-и бегоҳ наздикони сокини 40-солаи ҷамоати Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади ӯро пайдо кардаанд, ки бо роҳи худовезӣ ҷон додааст. Бо ҳамин васила сокини 58-солаи ноҳияи Панҷакент низ дар хонааш даст ба худкушӣ задааст».