Селфароии нав дар рӯзи сафари Э.Раҳмон ба Бадахшон
Субҳи имрӯз, 28-уми июл, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, озими Бадахшон шуд, дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон дубора сел фаромадааст.
Ин итилоъро дар суҳбат бо “Озодагон” Сайнаков Додихудо, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рӯшон, тасдиқ карда, афзуд, ки фаромадани селоб аз соати 7:00-и субҳи имрӯз оғоз шуда, феълан идома дорад: “Ҳозир сатҳи селоб камтар шудааст". Ба гуфтаи манбаъ ин селоб хисороти наверо дар пай надорад, чун сели рӯзи 20-уми июл дар ин қаламрав аллакай хонаю заминҳоро хароб карда буд.
20-уми июл дар ҳамин мавзеъ дар пайи фаромадани сел беш 10 гектар замин ва 7 хона тахриб шудаанд.
Инчунин ба иттилои манбаъ дар Бартанг низ бар асари боло рафтани оби дарё қисматҳои алоҳидаи роҳи ин водӣ тахриб ва қисми дигар зери об мондааст.
АКС аз Фейсбук: Селфароӣ дар деҳаи Баррӯшон