Ҳалокати ноболиғи 12-сола зери чархи “Опел-Астра”
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як ноболиғ дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.
Торнамои ВКД менависад, рӯзи 28 июли соли равон тахминан соати 15:30 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 31-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшан, дар рӯ ба рӯи бозори марказӣ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 12-солаи сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст: “Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.