Миннатдории Аслов аз омодагии Аврупо барои ёрӣ ба селзадаҳо (АКС)
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми июл, зимни дидор бо сафирони кишварҳои Аврупо дар Душанбе бартарафсозии пайомади селфароиҳоро дар манотиқи кишвар баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҷаноби Аслов аз сафирони кишварҳои Аврупо барои дастгирӣ ва изҳори омодагӣ ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар манотиқи Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои рушди минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.