Боздошти ҷавони 35-сола бо иттиҳоми кордкашӣ ҷониби падар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз захмӣ шудани як марди 54-сола бо дасти писари худ дар шимоли Тоҷикистон хабар додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, чоршанбеи 29 июл кормандони пулис дар пайи як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” дастгир кардаанд: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда рӯзи 27 июли соли 2015 соати 20:00 дар хонаи истиқоматиашон бо падари 54-солааш муноқиша карда, бо корд як маротиба ба қисмати шикамаш задааст”.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин зарба, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, феълан дар беморхона бистарист: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад”.