Ҳалокати Абӯбакр ат-Тоҷикӣ дар шимоли Сурия
Дар пайи як ҳамлаи неруҳои низомии Башор Асад, раиси ҷумҳуриии Сурия алайҳи созмони террористии маъруф ба ДИИШ дар шимоли ин кишвар чаҳор фармондеҳи барҷастаи “Ҷабҳа ан-Нусра” кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Сурия иттилоъ додаанд.
Ба иттилои ин расонаҳо, фармондеҳони “Ҷабҳа ан-Нусра” шоми 28 июли соли равон дар вилояти Идлиб кушта шудаанд. Хабаргузориҳо аз онҳо Анас Қаблон мулаққаб ба Абӯбоулдер Мақдисӣ, Абӯубайда ал-Яманӣ , Абӯбакр ат-Тоҷикӣ ва Абӯлхайр ал-Мағрибӣ ном бурдаанд.
Расонаҳо дар мавриди шаҳрванди кадом кишвар будани ин ҷангҷӯён чизе нагуфтаанд.