(ВИДЕО) Зариф Ализода дар бораи фаъол шудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, шурӯъ аз соли нав дар кишвар Вакоатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни нишасти хабарие дар Душанбе рӯзи 30 июл гуфт, ниҳоди мазкур дар дохили институти онҳо, аммо бо салоҳиятҳои марбути як ваколатдори мустақил фаъол хоҳад шуд: “Мо таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхтем ва гуруҳи корӣ ба ин хулоса омад, ки Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак бо Омбудсмен якҷоя мешавад. Дар шакли муовини ваколатдор- ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак. Аз нигоҳи ташкилӣ муовин аст, аммо ҳамчун ваколатдори ҳуқуқи кӯдак бо тамоми салоҳиятҳои хоси як омбудсмен амал мекунад. Аз дастгоҳи мо якчанд шатати дигар низ кор мекунад”.
Ҷаноби Ализода афзуд, лоиҳаи қонун дар бораи таъсиси ин ниҳод аз ҷониби гуруҳи корӣ дастгирӣ ёфта, ҳоло барои мувофиқа ба вазорату идораҳо фиристода шудааст: “То охири моҳи август ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунем. Имрӯзҳо ба нақшагирии буҷа аст ва фикр мекунам то соли нав ё аз соли нав ба фаъолият оғоз мекунад”.
ВИДЕОИ суҳбати Ализода дар бораи Ваколатдор оид ба щуцуци кӯдак