баргард чоп кардан

Ноболиғро чархдуздияш пушти панҷара бурд

Утоқи кории як корманди таъмиргоҳи чархҳои автомобилро ғорат кардаанд. Ин ҳодиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст.


Тибқи иттилои вазорати умури дохила шаби 11 ба 12-уми октябри соли ҷорӣ, соати 03:00 шахси номаълум вориди утоқи таъмири чархҳо шуда, 5 адад чархи гуногунтамғаи мошинро, ки арзиши умумияшон 750 доллари амрикоиро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зимни гузаронидани амалиёти махсус кормандони милиса бо иттиҳоми чархрабоӣ ноболиғ Абдурасул Ғуломови 15 соларо дастгир кардаанд. Номбурда сокини  кӯчаи С. Лазои пойтахт буда, дар ягон ҷой намехонад. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}