баргард чоп кардан

«Барқи тоҷик» хусусӣ мешавад?

Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки то шоми дирӯз, зери роҳбарии Ян Фишер дар Тоҷикистон қарор доштаанд, аз масъулини кишвар дархост кардаанд, ки саҳми бахши хусусиро дар иқтисодиёти кишвар бештар намоянд.


Намояндагони Бонк, таҷдиди сохтор ва хусусигардонии ширкати «Барқи тоҷик» ва корхонаи алюмнийи кишвар -«ТАЛКО» -ро зарур арзёбӣ кардаанд.
Дар ин робита аз ширкати «Барқи тоҷик» ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ додаанд, ки айни ҳол аллакай лоиҳаи таҷдиди сохтори ширкати «Барқи тоҷик» омода шудааст ва зина ба зина баъди таҷдиди сохтор имкон дорад ин ширкат хусусӣ шавад. Ба гуфтаи манбаъ, тибқи лоиҳа ширкати «Барқи тоҷик» ба се сохтори алоҳидаи мустақил тақсим мешавад, ки яке ба истеҳсол, дигари ба интиқол ва сеюм ба фурӯши нерӯи барқ машғул хоҳад шуд. Ба иттилои сарчашмаи хабар, корҳо дар самти таҷдиди сохтори ширкати «Барқи тоҷик» аллакай аз соли ҷорӣ оғоз шудаанд.{jathumbnail off}