баргард чоп кардан

Муҳаммадюсуф Исмоилов аз толори додгоҳ озод шуд

Додгоҳ баъди ҳудуди 10 моҳу 26 рӯзи дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд қарор доштани хабарнигори нашрияи “Нури Зиндагӣ” бар ивази 35 ҳазор сомонӣ ӯро раҳо кард.


Ҳамчунин  Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳақ надорад, давоми се сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Ёдрас менамоем, ахиран, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ё CPJ, САҲА ва чанд созмони дигари байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки хабарнигори Би Би Си Урунбой Усмонов ва хабарнигори нашрияи “Нури Зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоиловро озод намояд.

{jathumbnail off}