Рақобати яккачинҳои Тоҷикистону Австралияро Ҷамил Ҷума Абдулҳусин доварӣ мекунад
Федератсияи ҷаҳонии футбол исми доваронеро, ки рақобати Тоҷикистону Австралияро дар даври дуюми мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон-2018 назорат мекунанд, эълон кардааст.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии Тоҷикистон ва Австралияро доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Баҳрайн, сардовар Ҷамил Ҷума Абдулҳусин ва ҳамватанонаш -- Муҳаммад Ҷаъфар Муҳаммад Салмон, Наваф Шощин Халифа Мусо инчунин довари эҳтиётӣ Абдулазиз Юсуф Абдулло ҳакамӣ хоҳанд кард. Нозири бозии яккачини Тоҷикистон ва Австралиямутахассиси чинӣ – Ту Силианг интихоб шудааст.
Гуфта мешавад, Ҷамил Ҷумъа довари 42-солаи сатҳи байналмилалии баҳрайнӣ, қаблан ду бозии мунтахаби Тоҷикистонро дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2014 -- бо яккачини Макао (3:0) ва бозии мунтахаби ҷавонони кишварро бо мунтахаби АМА доварӣ кардааст.
Қувваозмоии тимҳои миллии Тоҷикистону Австралия 8 сентябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.