баргард чоп кардан

Фардо раиси нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро интихоб мекунанд

Анҷумани 11-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон фардо 15-уми октябр ба кори худ оғоз мекунад.


Мушкили риоя гардидани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, масоили омода намудани кадрҳои журналистӣ дар муассисаҳои олӣ, риояи озодии сухан ва тамоюли нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии анҷуман хоҳад буд. Ҳамчунин қарор аст, дар ин ҳамоиш раиси нави Иттифоқи журналистон интихоб шавад. Ба ҷуз ин иштирокдорон ҳайати раёсатро тасдиқ намуда, аъзои комиссияи назоратии Иттифоқи журналистонро интихоб мекунанд. Ёдрас менамоем, аз соли 2006 ба ин сӯ раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро Акбаралӣ Сатторов бар ӯҳда дорад.{jathumbnail off}