баргард чоп кардан

Ҳамойиш: Афғонистону Тоҷикистон ва минтақаи ОМ пас аз шаҳодати Устод Раббонӣ

Толибони имрӯз дар Афғонистон ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд, ки  ҳар яки он супориши хоҷагони худро ба иҷро мерасонанд.


Дар ин бора Комёб Ҷалилов, як масъули маркази тадқиқоти стратегӣ зимни ҳамойиши вижа, ки бо ибтикори нашрияи «Миллат» ва Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорни форсизабон «Афрӯз» баргузор шуд, иброз дошт. Ҳоло маълум нест, ки кадоме аз ин гурӯҳ дар куштори Устод Бурҳониддин Рабонӣ даст доранд ва кадоме аз онҳо барои Тоҷикистону минтақа  хатар эҷод мекунананд, афзуд ҷаноби Ҷалилов.

Ҳамзамон, Абдуллои Муҳақиқ, таҳлилгари масоили динӣ ва иҷтимоӣ мегӯяд,   барои гирифтор нашудан ба ҳар гуна хатарҳо, пеш аз ҳама роҳҳои дурусти тарғиботиро миёни сокинони Тоҷикистон мебояд роҳандозӣ кард. Бархе аз иштиркочиён дар ин нишаст иброз доштанд, ки марги Раббонӣ кори дасти кишварҳои абарқудрат аст ва толибон ин ҷо як восита мебошанд.

Зимнан, афроди саршиноси кишвар аз қабили Давлат Усмон, сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло, файласуф Меҳмоншо Шарифзода ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва доираи васеи хабарнигорон дар ин ҳамойиш ширкат ва назароти худро баён карданд.

Тафсилоти бештари мавзӯъ ба нашр хоҳад расид.{jathumbnail off}