Президент сармураббии “Хайр”-ро аз мақом барканор кард
Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат баъди мағлубияти ин тим аз “Саройкамар”-и Панҷ аз вазифа сабукдуш шудааст.
Дар бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳии Ҷоми Тоҷикистон “Хайр” аз тими “Саройкамар” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди ин бохт президенти “Хайр” -- Қутбиддин Хайров сармураббиро аз мақом барканор кардааст. Оқои Хайров дар мағлубияти даста сармураббиро айбдор кардааст: “Ӯ натавонист дастаро ба бозии даври ҷавобӣ омода созад. Аз ҳамин лиҳоз қарор дар бораи барканории ӯро қабул кардам”.
Президенти даста гуфтааст, минбаъд масъулияти сармураббӣ бар души Исроил Идиев гузошта мешавад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар ҷадвали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон бо 19 хол дар зинаи сеюм қарор гирифта, 9 август дар даври 11-уми мусобиқот бо “Истиқлол” қувва меозмояд.