Тоҷикистонро дар сабқати бокс миёни занҳо чор нафар намояндагӣ мекунад
Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии олимпиадаи Лондон-2012 дар Мусобиқаи Осиё оид ба бокс миёни занҳо иштирок мекунад.
Ин сабқат аз 7 то 13 август дар Ҷумҳурии мардумии Чин доир шуда, Мавзуна дар вазни 60 кг қувваозмоӣ хоҳад кард. Ба ҷуз аз хонум Чориева шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се боксчии дигар -- Дилафруз Зафарова (вазни 48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54) ва Шоира Зулқарнаева (64) ҳимоя хоҳанд кард.