баргард чоп кардан

Президент нушокиҳои спиртиро ба терроризм шабеҳ кард

Рамзан Қодиров, райисҷумҳури Чеченистон дар мусоҳибае ба нашрияи «Комсомолская правда» гуфтааст байни майзадагӣ ва терроризм ягон тафовутеро намебинад.


Ба қавли Қодиров "майзадагӣ мардумро мекушад». Геннадий Онишенко, сартабиби Хадамоти беҳдоштии Русия низ Қодировро ҷонибдорӣ намуда илова кардааст, ки бо қабули "қонунҳои хушк" намешавад аз ин мушкил вораҳид. Онишенко пешниҳод кардааст, ки яке аз роҳҳо метавонад гарон кардани нархи маводи спиртӣ бошад. Табиби №1-и Русия гуфтааст нархи нушокиҳои масткунанда то 100 доллар баланд карда шавад.

Гуфтанист, дар тамоми минтақаҳои Русия дар фурӯши нушокиҳои спиртӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст. Баъди соати 23:00 то соати 8:00-и шаҳрвандон наметавонанд май бихаранд.{jathumbnail off}