баргард чоп кардан

Райисҷумҳур имрӯз аз нақшаҳояш мегӯяд

Президенти Русия Дмитрий Медведев қасд дорад, имрӯз аз нақшаҳои ояндааш бигӯяд.


Дар ин бора Медведев дар суроғаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ хабар додааст.

«Ҳар нафаре, ки ба нақшаҳои ман бетафовут нест, имрӯз соати 14:00 (ба вақти Маскав) шабакаи телевизионии “Россия-24”-ро тамошо кунад», -навиштааст президент.

Имрӯз ҳамчунин мулоқоти Дмитрий Медведев бо ҷонибдоронаш аз ҳизби “Русияи воҳид» (Единая Россия) ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи иттилои бархе расонаҳо ба таври мустақим намоиш дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мавриди зикр аст, ки ҳизби «Русияи воҳид» расман номзадии нахуствазир Владимир Путинро ба ҳайси номзад ба мақоми президент пешниҳод намуд.{jathumbnail off}