баргард чоп кардан

Анқара дар Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони туркиро баргузор карданист

Фаррух Шарипов, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии Анқара Аладдин Юксел мулоқот кард.


Тибқи иттилои ВКХ, аснои нишаст масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тайёр намудани мутахассисони гуногунихтисос ва бо соҳибкорону сармоягузорони   вилояти Анқара омода намудани бизнес-форум баррасӣ гардид.

Гуфтанист, Аладдин Юксел ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва коркарди маъдан омодагии худро иброз дошт.Ҳамзамон, волӣ ба роҳбарияти палатаи савдо ва саноати Анқара ва иттиҳодияи саноатчиёни Анқара ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ, кишоварзӣ ва коркарди маъдан ташкил намудани сафари соҳибкорони Анқараро ба Тоҷикистон супориш дод.{jathumbnail off}