Ду ҳарфи ду ҳафта
Сайф САФАР
Додгоҳи олии Тоҷикистон бо як ҳукми тоза муҳлати зиндони Зайд Саидов, тоҷири муваффақ ва вазири пешини саноатро ба 29 сол расонду барои ҷуброни 34 миллион сомонӣ низ мувазаф намуд. Ба эҳтимоли қавӣ ин охирин ҳукми додгоҳ алайҳи ҷаноби Зайд буд ва шояд 34 миллион сомонӣ ҳам аз вопасин дороиҳояш буданд, ки дар лобалои парвандаҳо қурбон шуданд. Аммо, дар ин ҳукми умедворам, охирон Савриддин Тошев, додраси парванда, ба истилоҳ, “кафид”. Шоҳидони мурофиа гуфтаанд, ки пас аз эълони ҳукм миёни Зайд ва додрас Тошев гуфтугӯи кутоҳе сурат гирифтааст. Зайд пурсидааст: “рафиқ судя, қонун чӣ шуд, мо ба умеди қонун будем?". Додрас посух додааст, ки "Зайд Шерович тақозои замон ҳамин будааст".
Ин посухи додрас як ҳарфи хеле калидӣ аст ва фикр мекунам дар ҳафтаҳои баъд мавриди баҳсу баррасии коршиносону соҳибназарон мегардад. Замон чӣ тақозо кардааст? Мо дар чӣ замоне қарор дорем? Тақозои замонро кӣ мушаххас мекунад? Бардошти ман ин шуд, ки нафаре, ки ба умеди қонун будааст замон тақозо кардааст, ки дар қиболи ӯ аз беқонунӣ кор гирифта шавад?! Ин пурсишҳо дар ҳадди пурсиш мемонанд, чун Тоҷикистон кишваре нест, ки додрас Тошев барои шарҳи ин гуфтааш ҷилави расонаҳо ҳозир шавад.
Ҳарфи дигари ҳафтаи пеш ҳам хеле гаронвазн буд ва аз даҳони касе гуфта шуд, ки дар сиёсатҳои роҳбурдии кишвар нафари 2-юм ҳаст. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ ва муовини пешини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ бо “Радиои Озодӣ” гуфтааст, ки “Единая Россия баъд аз ҳизби мо ба вуҷуд омадааст ва маслиҳати ташкили ҳамин гуна ҳизбро мо аз Тоҷикистон ба Русия дода будем.” Агар ҳизбе, ки тамоми сиёсат, рушду тавсеаи Русия дар он хулоса мешавад бо маслиҳати Тоҷикистон бунёд шудааст, мантиқан бояд барои ҳамеша мадюни сиёсатмардони тоҷик бошад, ки нест. Агар ҷаноби Сафаров он замон ба ҳайси муовини ҳизб тавони додани чунин маслиҳатро доштааст, пас имрӯз ҳамчун стратеги 2-юми кишвар метавонад ба Русия маслиҳатҳои ҷиддитар бидиҳад, ки бар манзалат ва шукуҳи тоҷику Тоҷикистон дар ин кишвар афзуда шавад.
Ба ин тартиб, аз ҷаноби Сафаров тақозо дорам, ки агар ҳанӯз ҳам салоҳияти маслиҳат додан дошта бошад ба Русия чунин маслиҳат бидиҳад. Чун ин ду кишвар ҳамдигарро шарики стратегӣ мешуморанд манфиати мо ҳам дар ин мушорикат нигоҳ дошта шавад. Тоҷик дар Русия аз ҳадди “чурка” ва “Равшану Ҷумшуд” ба як инсон табдил шавад. Ба “депорт”-и худсаронаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин кишвар нуқтаи поён гузошта шавад. Тосарҳои рус аз қатли ваҳшиёнаи тоҷик даст бикашанд. Маслиҳат бидиҳад, ки ҳадди ақал сарбозони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар ҳолати сархушӣ ба шаҳр набароянд, ки мунҷар ба низоъ бо ҷавонон маҳаллӣ нашавад. Агар маслиҳат доданро тақозои замон гуянд, ман розӣ ҳастам.