баргард чоп кардан

Суғд: Баргузории «Шеъри ҳимоят» дар шаҳри Хуҷанд

Ҳамоиши байналмилалии «Шеъри ҳимоят» дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.


Тибқи иттилои расида, ин чорабинӣ бо ибтикор ва Кумитаи имдоди Хумайнии ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Гуфтанист, дар ин нишасти вижа муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева, сафири Эрон дар ҶТ Алиасғари Шеърдӯст, раиси кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон Саидҷаводи Разавӣ, намояндагони аҳли илму адаби Эрону Афғонистону Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок доштанд.

Адибони тоҷик- Гулрухсор, Доро Наҷот, Маҳмадалии Аҷамӣ ва муҳаққиқон- Абдунабӣ Сатторзода, Ҷӯрабеки Назрӣ, муаррих Мирзо Шакурзода, Мубашшири Акбарзод, намояндаи фарҳанги сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Шамсулҳақи Ориёнфар, раиси китобхонаи ҷумҳури Афгонистон ба номи Халилуллоҳ Халилӣ -Муҳаммдаҷафари Ранҷбар, шоирони шинохтаи Эрон Раҳмондӯст, Шамъи Сӯзон, намояндагони илму адаби шаҳри Табрези ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзноманигор ва адиби шинохта аз шаҳри Алмаато- Насибҷон Амонӣ аз меҳмонони арҷманди ин ҳамоиши бошукӯҳ буданд.
Манбаъ афзуд, ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона оғоз гардид. Баъдан, Алиасғари Шеърдӯст роҷеъ ба шеъри ҳимоят, назари андешамандонаи Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Шакурзода, хонум Гулрухсор, муҳаққиқ Шамсулҳақи Ориёнфар ба ҳамоиш ҷилову намои тозаву муаттар бахшид. Дар ҳамоиш шоирон Озарахш, Адиба, Маҳваш, Фирдавси Аъзам аз ашъори хеш порчаҳое қироат карданд.
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл аз баргузории ҳамоиш озмуни «Шеъри ҳимоят» эълом гардида буд. Шоирон беҳтарин навиштаҳои худро дар мавзӯи дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону фақирон ва ҳимояти ин қишри ҷомеа манзури ҳакамон карда буданд. Дар он беш аз 20 шоир аз ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар интиҳои ҳамоиши байналмиллаӣ раиси ҳакамон, шоир Неъмат Оташ натиҷаи озмунро эълон дошт. Ҷои аввалро ба Озарахш лоиқ донистанд, ҷои дуввум ба Адиба Хуҷандӣ ва Вораста сазовор дониста шуд, ҷои севвуми озмунро шоирони ҷавон-    Фирдавси Аъзам ва Маҳваш соҳибӣ карданд.{jathumbnail off}