Худкушии ҷавонзани 31-сола дар рӯдхонаи Зарафшон
Як ҷавонзани 31-солаи ноҳияи Айнӣ бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Зарафшон партофтааст.
Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории "Озодагон" хабар доданд, 15 августи соли равон, бошандаи 31-солаи ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи Зарафшон партофтааст: "Айни замон иллати даст ба худкушӣ задани ин ҷавонзани оиладорро мақомоти дахлдор меомӯзад".
Манбаъ афзуд, феълан нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.