(ВИДЕО) Таманнои роҳгузарон ба табибон: Қадри Синоро бидонед!
Ҳамасола дар Тоҷикистон 18 август ба унвони Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Ин сана бо назардошти таваллуди донишманд, мутафаккир, файласуф ва шоири бузурги тоҷик -- Абӯалӣ ибни Сино муқаррар шудааст. Зимнан, хабарнигори “Озодагон” аз роҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе пурсид, ки БА ТАБИБОНИ ТОҶИК ЧӢ ТАМАННО ДОРЕД?