баргард чоп кардан

Коршиносони олмонӣ: 26 фойизи наврасони Тоҷикистон бо нимгушнагӣ мувоҷеҳанд

Болоравии нархи озуқа дар солҳои 2010 – 2011 зиёда аз 70 миллион нафари дигарро дар ҷаҳон  ба вартаи фақру нодорӣ кашидааст.


Дар ин бора зимни таҷлили  рӯзи байналмилалии озуқа, ки 16-уми сентябр дар саросари олам қайд шуд, аз ҷониби масъулини Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид таъкид гардид. Намояндагони воломақоми барномаи озуқа ва кишоварзӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои рӯ ба рушд даъват кардаанд, ки дар самти  таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиши бештар намоянд. Ба гуфтаи таҳлилгарони ин созмон, қимматшавии озуқа пеш аз ҳама ба қишри камбағали мардум зарари зиёд мерасонад ва вазъи иҷтимоиашонро боз ҳам бадтар мегардонад. Қимматии озуқа табақаи камбизоатро водор мекунад, ки хароҷоташонро барои тандурустию маориф боз ҳам камтар кунанду маблағашонро ба хариди озуқа равона намоянд.

Ин дар ҳолест, ки созмони олмонии кӯмак ба гушнагон, дар гузориши наваш амнияти озуқавориро дар Тоҷикистон, миёни кишварҳои ИДМ осебпазиртарин арзёбӣ кардаст. Ба иттилои ин созмон 26 фоизи наврасони Тоҷикистон ба нимгушнагӣ мувоҷеҳанд. Таҳлилгарони созмони олмонӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон таҳдиди ҷиддии фарорасии гушнагӣ мавҷуд аст, зеро ҳосили ғалладонагӣ, ки 60 фоизи колорияи рӯзонаи мардуми тоҷик аз он таркиб ёфтааст, имсол нисбат ба соли гузашта камтар шудааст. Тибқи иттилои созмон аз се ду ҳиссаи мардуми деҳоти Тоҷикистон рӯзе барои озуқа  2,15 доллари амрикоӣ сарф мекунанд, ки ҳатто аз нишондоди расмии сатҳи камбизоатӣ камтар аст. {jathumbnail off}