Ҳалокати ҷуфти ҷавон аз тири милтиқи шикории сокини Масчоҳи Куҳӣ
Як сокини 23-солаи рустои Устунги Масчоҳи Куҳӣ бо иттиҳоми куштори як ҷуфти ҷавон муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, субҳи сешанбеи 18 август К.В. ба манзили Р.Г.-и 24-сола ворид шуда, бо истифода аз милтиқи шикорӣ ӯ ва ҳамсари 22-солааш—Д.Г.-ро паррондааст: “Дар натиҷа зану шавҳар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ба омори Раёсати умури дохилии Суғд, дар шаш моҳи соли 2015 дар қаламрави вилоят 22 ҳодисаи куштор сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш як ҳолат камтар аст.