Имзои 5 санади ҳамкорӣ: Аз Ёддошти китобхонаҳо то Созишномаи Кумитаҳои телевизиону радио
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои туркманаш – Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешниҳод кардааст, то миёни Душанбею Ашхобод хатсайри мустақими ҳавоӣ боз гардад. Ин пешниҳод аз ҷониби Бердимуҳаммадов пазируфта шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ин пешниҳод аснои мулоқоти раисиҷумҳурони ду кишвар имрӯз, 20 август садо додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин чунин пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди афзоиши квотаҳои президентии ду кишвар барои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар пуштибонӣ ёфтааст: “Минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ҳам таҳсил хоҳанд кард. Масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматӣ низ ҳалли худро меёбад. Робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва саноати тиббӣ низ густариш хоҳанд ёфт”.
Манбаъ афзуд, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, моҳи декабри соли равон ба Ашхобод барои иштирок дар тантанаҳои 20-солагии эълони “Бетарафии доимии Туркманистон” ташриф биёрад: “Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Қурбонгулӣ Бердимущаммадов даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳарду даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд”.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур аз имзои панҷ санади нави ҳамкорӣ дар пайи ин мулоқот хабар додааст. Манбаъ номгӯи ҳуҷҷатҳои имзошударо чунин мегӯяд:
-Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;
-Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон;
- Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2016-2017;
- Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.
Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, акнун муносиботи ду кишварро беш аз 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.