Мусодираи беш аз 40 кило "ҳашиш" аз “Ауди С4”-и як тоҷик дар Қирғизистон
Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, кормандони пулис Л.А, шаҳрванди 44-солаи ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистонро шоми 12 август дар 133 киллометрии шоҳроҳи Сари–Тош-Қара–Мик дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ, аснои кофтуков аз мошини “Ауди С4”-и ӯ бештар аз 41 кило маводи мухаддири навъи “ҳашиш” ёфт ва мусодира шудааст: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.