баргард чоп кардан

2 корманди идораи давлатӣ дар Кӯлоб тарки кор намуданд

Ду тан аз кормандони маркази назорати давлатӣ ва санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб ба якборагӣ тарки кор намуданд.


Саид Аламов, директори маркази номбурда ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ҳар ду мутахассиси соҳа буда, бо иллати камии маош тарки касб кардаанд.  Моҳонаи эшон, ки дар ташхисгоҳи марказӣ фаолият доштанд, ҳамагӣ 300-сомониро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ наметавон аз ӯҳдаи хӯрондани оила баромад. «Акнун дар фикри онем, ки аз куҷо мутахассис пайдо карда метавонем, то бо ин миқдор моҳона кору фаъолият кунанд, аммо мо қудрати баланд бардоштани маошро надорем, зеро он аз ҷониби маркази ҷумҳуриявӣ қабул мешавад».

Дар ҳамин ҳол, фаъолияти маркази мазкур тақрибан пӯшида асту барои васоити ахбори омма роҳбари он ҷаноби Аламов, тамоман иттилоъ додан намехоҳад.  «Баъди ҳар хабари ба журналистон мерасонида, аз «боло» ҳатман гӯшмол мегирем. Масалан, баъди як хабари дар «Озодагон» чопшуда, шахсан чандин баёнот навишта, сурху сафед гаштаам. Бас, дигар то ҷамъбасти 9-моҳа дар вилоят, ман ягон хел хабару иттилоъ намедиҳам». Ҳарчанд ҳисоботи 9-моҳаи фаолияти 10-маркази НДСЭ минтақа омода буд, вале ҷаноби директор ҳаргиз ба саволҳои мо ҷавоб додан намехост. Ӯ мегуфт,  «маълумоти мо баъди ҷамъбаст тағйир ёфтанаш мумкин аст. То  ҷамъбасти вилоятӣ ягон маълумот дода наметавонам».  Аҷиб, чӣ гуна ва ба чӣ хотир дар МНДСЭ-и вилояти Хатлон ҳисоботи умумии як минтақаро тағйир медода бошанд?  Гузашта аз ин, барои чӣ роҳбарияти маркази назорати давлатӣ ва санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ барои зердастонаш аз минтақаҳо додани иттилоъро мамнӯъ карда бошад?{jathumbnail off}