баргард чоп кардан

Тақозои вакили қирғиз барои истирдод нашудани Собир Валиев (НАВШУДА)

Як вакили парлумони Қирғизистон аз ҳамтоёни молдовии худ хостааст, барои истирдод нашудани мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Турсунбой Бакир уулу, вакили Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон дар як муроҷиатнома аз намояндаҳои мардуми Молдова хостааст, дар ҳалли мушкили марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои Собир Валиев, муовини раҳбари “Гуруҳи 24” бетараф набошанд. Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ӯ аз ҳамтоёни худ хостааст, барои дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ ҳимоя кардани Валиев ва истирдод нашуданаш ба Тоҷикистон, ки ба гуфтаи вай метавонад мавриди шиканҷа қарор бигирад, мусоидат намоянд.

“Мақомоти Тоҷикистон истирдоди С.Валиевро тақозо дорад ва ӯро дар экстремизм муттаҳам медонад. Аммо пӯшида нест, ки Тоҷикистон бо шиканҷа мушкили ҷиддӣ дорад”,-изҳор доштааст Бакир уулу ва гуфтааст, Молдова аъзои Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон буда, барои ҳимояи ҳуқуқи инсон уҳдадор аст.

Аз ин пеш, рӯзи 18 август, Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар низ бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Молдова хост, ба Душанбе истирдод нашудани Собир Валиев, мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистонро кафолат бидиҳад. Дар ин изҳорот, ки унвонии "Озодагон" расид, аз ҷумла гуфта мешавад, “ба касе пӯшида нест, дар Тоҷикистон мушкили шиканҷа ба гунаи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Молдова мувазаф аст, ҳеч касро ба кишваре, ки он ҷо мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегирад, истирдод накунад".

Дар ҳамин ҳол, Палатаи апеллятсионии Кишинев дархост барои раҳо кардани Собир Валиевро, ки аз сӯи вакили ӯ пешниҳод шуда буд, рад кардааст. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Newsmaker” хабар дода, меафзояд, Валиев то анҷоми муҳлати боздошт – 31 август дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол, аз эҳтимоли то 12 рӯзи дигар тамдид шудани муҳлати боздошти Валиев хабарҳо мерасанд.

Собир Валиев, муовини раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" ва “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”, ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати кишвар машғуланд, шоми 11 августи соли равон замоне, ки қасди сафар ба Истанбули Туркия дошт, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова боздошт гардид.

Ба иттилои хабаргузориҳо, Валиев шаҳрвандии Қирғизистонро дошта, чанд сол қабл аз табаияти Тоҷикистон даст кашидааст. Ӯ баъди кушта шудани Умаралӣ Қувватов дар Туркия ва раҳбари “Гуруҳи 24” интихоб гардидани Шарофиддин Гадоев муовини раҳбари ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ таъин шуд.


Тақозои вакили қирғиз барои истирдод нашудани Собир Валиев (НАВШУДА)

Тақозои вакили қирғиз барои истирдод нашудани Собир Валиев (НАВШУДА)