Сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо раиси шаҳри Анқара Мелиҳ Гӯкчек мулоқот кард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, зимни ин нишаст дар доираи Эъломияи муштараки бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Анқара, созишнома байни ҳукуматҳои шаҳри Душанбе ва Анқара дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ аз 11 декабри соли 2003, масъалаҳои дигар, аз қабили: ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ, барқарорсозии боғи дӯстии Душанбе-Анқара дар шаҳри Душанбе, ташкил намудани бизнес-форуми соҳибкорони Душанбе ва Анқара, кушодани маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва корхонаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
Манбаъ афзуд, аснои мулоқот Мелиҳ Гӯкчек миннатдории худро ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии номзадии шаҳри Анқара дар баргузоршавии намоишгоҳи ҷаҳонии “EXPO- 2020”, ки 23 апрели соли 2020 дар мавзӯи “Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд” бояд барпо шавад, баён намуд. Ҳамзамон, Мелиҳ Гӯкчек ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар ҳошияи Эъломияи муштараки бародархондагии шаҳрҳои Душанбе ва Анқара раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо сафари расмӣ ба Анқара даъват кард.{jathumbnail off}