баргард чоп кардан

Соҳибкорони ҳиндӣ бо тоҷирони бадахшонӣ ҳамкорӣ карданианд

Сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии Ҳиндустон Аситх Кумар Бхаттачардҷӣ вориди Бадахшон гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари намояндагии вазорати умури хориҷа аз шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд, ин барои аввалин бор аст, ки дипломати ҳинд ба ВАБК ташриф оварда, аз манотиқи мухталифи он дидан мекунад.

Манбаъ афзуд, аснои мулоқоташ бо райиси вилоят Қодири Қосим сафири Ҳиндустон дар мавриди ҳамкории соҳибкорони ҳинд бо тоҷирони бадахшӣ сухан гуфт. Қайд гардид, ки барои тавсеа ва ҳамкории судманд тамоми имконоту зарфиятҳо мавҷуданд.{jathumbnail off}