30 сол ҳабси ду сарбози рус барои қатли Раҳимҷон Тешабоев
Федор Басимов ва Илдар Сахапов, ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар куштори Раҳимҷон Тешабоев, ронандаи таксӣ муҷрим шинохта шуда, мутаносибан 17 ва 13 сол равонаи зиндон шудаанд.
Додгоҳи гарнизони низомии пойгоҳи 201, ки баррасии парвандаи ин ду сарбозро бар уҳда дошт, имрӯз, 26 август зимни эълони қарори худ гуфтааст, муҳлати ҷазоро хизматчиёни ҳарбӣ дар Русия пушти сар хоҳанд кард.
Федор ва Илдар 26 августи соли 2014 бо иттиҳоми куштори ваҳшиёнаи Раҳимҷон Тешабоеви ронандаи таксӣ боздошт шуданд. Ҷасади Тешабоев чанд рӯз қабл аз ин боздошт бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ёфт гардида буд.