баргард чоп кардан

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ ва “Барқи тоҷик”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26 август бо чанд фармон ва қарорҳои ҳукумат дар мақомоти судӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” тағйиротҳои кадрие амалӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон, Ғуломов Алиҷон Амрихудоевичро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод кардааст. Инчунин, Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод ва ваколати судяи суди вилояти Суғд -- Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ шудааст: “Нозирӣ Зокир Вализода аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид”.

Манбаъ мегӯяд, Раҳматзода Рустам Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” озод ва ба ҷои ӯ Исмоилов Мирзо Ибрагимович таъин шудааст: “Раҳматзода Рустам Мирзо дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд”.