баргард чоп кардан

Андоз: Ширкатҳои «Корвонсарой» ва «Ҳумо» аз буҷа қарздоранд

Кумитаи андоз дар  ноҳияи Синои пойтахт муайян кардааст, ки соҳибмулкон андозро пардохт намекунад ва  дар назди буҷет қарздор мебошанд.


Тавре ба «Озодагон» аз   ин кумита иттилоъ доданд, зимни як санҷиш дар ҶДММ  «Корвонсарой», воқеъ дар кӯчаи Гипрозем 67, соҳибмулкаш Хуршед Самадов маълум шуд, ки ширкат аз буҷаи давлат аз андози молу мулки ғайриманқул 12 ҳазору 200 сомонӣ қарздор аст.  Бинои мазкур дар масоҳати 70 сотих бунёд ёфта, самти фаъолияти корхонаро таъмири нақлиёт ва иҷорадиҳӣ ташкил медиҳад. Бинои дигари воқеъ дар кӯчаи навбаҳори ноҳияи Сино, ки иборат аз 4 ошёна ва дар масоҳати умумии 4 ҳазор метри мураббаъ ҷой гирифтааст, ба соҳибмулкон Степанова Олга, Степанов Виктор, Эшонҷонов Тимур тааллуқ дошта, дар назди буҷет 24 ҳазор сомонӣ аз андози замин ва молу мулки ғайриманқул  қарздор мебошанд. Соҳибмулкони бино бар замми 4 сол боз истифода набурдани амволи шахсиашон  тӯли 2 сол аст, маблағи қарзи андозро ба буҷет ворид намекунанд.

Ҳамчунин, бо ҳамин ҳолат монанд зимни таҳлил муайян карда  шуд, ки хобгоҳи ҶСК «ҲУМО», воқеъ дар кӯчаи Алишери Навоӣ дорои 220 хонаи алоҳида буда, қисми зиёди истиқоматкунандагон худро коргарони ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ҳумо» муаррифӣ  карданд.  Тибқи маълумоти истиқоматкунандагон, онҳо моҳе як маротиба барои  хонаи як ҳуҷрагӣ 30 ва барои хонаи 2 ҳуҷрагӣ 60 сомонӣ маблағ пардохт мекардаанд. Аммо мутаасифона ҷамъияти мазкур андози молу мулки ғайриманқули бинои хобгоҳро, ки 22 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, ба буҷет пардохт наменамояд. Бозори «Мадад» воқеъ дар кӯчаи Ҷомӣ, ки бо ҷалби беш аз 80 соҳибкори инфиродӣ  фурӯши қисмҳои эҳтиётии  нақлиёти  истифодашуда  ва ғайристифодашударо  ба роҳ мондаанд, ба Салимов Сафар тааллуқ дошта, бо вуҷуди имкониятҳои мавҷуда дар назди буҷет аз андози молу мулки ғайриманқл зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Гарчанде аз ҷониби нозироти андози ноҳияи Сино роҳбарияти бозор борҳо огоҳонида шуда бошад ҳам, вале пардохти андоз то ҳанӯз мавқуф мемонад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}