баргард чоп кардан

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба Арабистон рафт

Ду варзишгари тоҷик дар миёни 60 давлати ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.


Тибқи иттилои Муродалӣ Тешаев, котиби дафтари матбуоти кумитаи миллии олимпӣ, аз 16 то 18-уми октябр дар шаҳри Абудабии Арабистон мусобиқаи байналмилалии Гран-при аз рӯи намуди варзиши «Дзюдо» баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 370 нафар аз 60 кишвари олам ширкат мекунанд, ки аз ин 229 нафар писарон ва 141 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни 100 кило ва  Салам Имомназаров дар вазни 73 кило муаррифи мекунанд.{jathumbnail off}