баргард чоп кардан

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1 сентябр ба ҷумҳурии мардумии Чин сафар кард.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, Бахтиёр Худоёрзод, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.