баргард чоп кардан

Ҳалокати ду нафар дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асари садама

Ду сониҳаи нақлиётӣ дар як ноҳияи пойтахт мунҷар ба марги ду нафар гардид.


Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, шаби гузашта тахминан соати 20:30 дар ноҳияи Сино, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота- Кемрӣ» Назришо Давлатови 26 сола, аснои ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ, пиёдагард, зани шахсияташ номаълуми тахминан 20-25 соларо пахш мекунад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, баъд аз ду соати ба беморхона интиқол ёфтанаш ба ҳалокат мерасад.

Сарчашма ҳамзамон иттилоъ медиҳад ки соати 22:50-и шаб дар ноҳияи номбурда, ронандаи автомашинаи «Мерседес- Бенс» Аҳрор Сангови 32 сола аснои ҳаракат ба кӯчаи Ғафуров дар рӯ ба рӯӣ мағозаи «Саодат» пиёдагард Алишер Мирзоеви 19 соларо зер мекунад. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, пас аз 3 соати ба беморхона интиқол ёфтанаш ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 2 нафар ба ҳалокат расида, 2 тани дигар дар беморхона бистарӣ гардидаанд.{jathumbnail off}