баргард чоп кардан

Абдуллоев: Маоши муаллимону духтурон дар Кӯлоб сари вақт пардохт мегардад

Дар шаҳри Кӯлоб нақшаи даромади андоз дар 9 моҳи имсол 115 фоиз иҷро гардида, ба буҷаи маҳаллӣ беш аз 18 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ворид шуд.


Дар ин бора Ҳамид Абдуллоев, райиси шаҳри Кӯлоб дар ҷамъбасти 9 моҳаи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллӣ 98 фоиз иҷро гардида, 32 миллиону 376 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 8 миллион сомонӣ зиёд аст. Бо истифода аз ин, ба гуфтаи шаҳрдор, музди маоши кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷавӣ ба пуррагӣ пардохт гардида, дар ин маврид қарздорӣ намондааст. Дар ин муддат нақшаи андози иҷтимоӣ ҳам таъмин гашта, иҷрои он ба 112-фоиз расид.

Гуфта мешавад, агарчӣ нақшаи пешбинишудаи андоз пурраву барзиёд иҷро гардида бошад ҳам, аммо ҳанӯз дар шаҳру ноҳия ташкилоту корхонаҳое ҳастанд, ки аз андози давлатӣ ва андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ қарзҳои ҳангуфт доранду дар пардохти он коҳилӣ мекунанд. Дар ин маврид ҷаноби Абдуллоев ба масъулини соҳа супориши қатъӣ дод, то барои пардохти қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарздор чораҳои зарурӣ бинанд.{jathumbnail off}