Тавсифи вазир аз корнамоии Маҳмадов дар ШКД-и Ваҳдат ва мукофоти Президент (АКС)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 10 сентябр аз корнамоии прапоршики милиса -- Фозилҷон Маҳмадов алайҳи ҳамлагарон ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат тавсиф намудааст. Ба иттилои манобеи “Озодагон”, Раҳимзода изҳор доштааст, прапоршик Маҳмадов се тан аз ҳамлагаронро кушта, худаш маҷруҳ мешавад.
Вазир инчунин аз кушта шудани 9 корманди милиса дар пайи ҳамлаи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода ёдовар шуда, ба хонаводаҳои онҳо изҳори ҳамдардӣ намудааст. Раҳимзода дар ҷамъомаде таъкид кардааст, дар маҷмӯъ то ҳол 2000 корманди мақомоти умури дохилӣ зимни адои вазифа кушта шудаанд, ки хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 380 корманди ин ниҳод, бо мукофоти давлатӣ, унвонҳои нав ва раҳматномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла котиби Шӯрои амнияти кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров аз номи президенти Тоҷикистон 4 нафарро бо медали Ҷасорат ва 11 нафарро бо Ифтихорномаи ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ кардааст: “Медали Ҷасорат ба полковники милитсия Додобойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ – муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Дадоҷонзода Асрор Қосимҷон – сардори Шуъбаи №2 «Шимолӣ»-и ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Фозилзода Дилшод Хушқадам – сардори шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода, лейтенанти калони милитсия Шарифзода Хайрулло Раҳмат – муовини командири Ротаи 2-юми ДТММ ВКД-и Тоҷикистон супорида шуд”.