Худовезии Муродбеки 31-сола дар фурудгоҳ
Кормандони фурудгоҳи “Колтсова”-и Екатеринбург субҳи имрӯз, 14-уми сентябр ҷасади муҳоҷири 31-солаи тоҷикро пайдо намудаанд, ки дар пушти меҳмонхонаи Angelo худро ба дор овехтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти умури дохилии вилояти Свердловск муайян шудааст, ки марҳум Муродбек, шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Сисерти Свердловск ба мардикорӣ машғул будааст: “Аллакай наздикони марҳум низ шахсияти ӯро тасдиқ кардаанд”.
Наздикони Муродбек изҳор доштаанд, ки ӯ қаблан низ бо корд қасди ҷони худ кардааст, аммо атрофиён аз худкушии ӯ ҷилавгирӣ кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, феълан тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.