баргард чоп кардан

Наврӯз соҳиби 5000 сомонӣ шуд

Ғолибони озмуни “Сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода” муайян шуданд.


Тавре ба «Озодагон» аз ширкати “ Вавилон-Мобайл” иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур 17 нафар довталаб ширкат намудааст. Тибқи райъи доварон 7 довталаб ба даври дуввум роҳхат гирифтаанд ва сомонаи беҳтаринро аз миёни пешниҳоди ҳаминҳо интихоб кардаанд. Сомонаи сохтаи Наврӯз Абдураҳмон (www.cit.tj/mirzo-tursunzoda) дар бахшиши асосии озмун беҳтарин дониста шудааст. Ба ғолиб 5000 сомонӣ мукофот додаанд. Бахтиёр Рӯзиев, ки сомонаи www.tursunzoda.tajart.tj-ро муаррифӣ намуд, зинаи дуввумро сазовор шуд ва соҳиби 3000 сомонӣ гардид. Усмонхоҷа Шамсиддинов, муаллифи сомонаи  https://www.orion.tj/mt ҷои сеюмро ишғол кард ва 1000 сомонӣ гирифт. Абдуҷаббор  Сатторзода (www.sattor.com), ки берун аз озмун кори ӯ қадрдонӣ шуд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва як телефони мобилӣ дарёфт кард. Ба 4 ширкаткунандаи дигар низ, ки ба даври дуввум роҳ ёфта буданд телефони мобилӣ аз ширкати Huawei ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар сомонаҳои ширкаткунандагон ба ҷуз аз иттилоот дар бораи Мирзо Турсунзода инчунин маълумоти муфассал дар бораи адибони тоҷик бо забонҳои гуногун ҷой дода шудаанд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}