Ғорати соҳибкорзан дар маҷмааи савдои “Садбарг”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ғорати мағозаи як соҳибкорзан дар маҷмааи савдои “Садбарг” –ро ошкор кардаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур соҳибкорзани 23-сола, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 30 август шахси номаълум пинҳонӣ вориди мағозаи шахсиаш дар маркази савдои “Садбарг” шуда, аз он ҷо 4800-сомониро дуздидааст: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят, марди 46-сола, сокини шаҳри Душанберо боздошт намудаанд, ки қаблан барои дуздӣ суд шудааст”.
Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.